Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳатто баъди 18 соли фурӯпошии низоми коммунистӣ дар Аврупои Марказиву Шарқӣ кишварҳои ин минтақа ва Ватикан бо саҳифаҳои торики даврони гузашта рӯ ба рӯ ҳастанд.

Стефано Боттонӣ аз Донишгоҳи Болонияи Италия мегӯяд, то замони сари қудрат омадани Карол Войтела дар соли 1978 ҷосусони коммунист рӯи Ватикан таъсири бузург доштанд.

Ӯ меафзояд, ки ҷосусони Маҷористон рӯи Ватикан таъсири бузург доштанд, вале Карол Войтела, ки бо номи Поп Ҷон Поли 2 маъруф мебошад, ба қадри имкон маркази мазҳаби католики романии дини насрониро аз хабаркашҳо пок сохт. Боттонӣ илова мекунад:

"Каме ва ё зиёде ин мушкили наслҳо мебошад. Аксари афроде, ки бо хоҳиши худ ва ё будини хоҳишашон ба манбаи маълумоти хадамоти ҷосусии Маҷористону дигарон табдил ёфта буданд, дар солҳои 1990 ё вафот карданд ва ё пас аз фурӯпошии низоми коммунистӣ ба истеъфо баромаданд. Хуллас, мушкил рафъ гардид."

Вале шореҳи Пажӯҳишгоҳи Миллии ёдбуди Полша ва ё Лаҳистон Владислав Булҳак мегӯяд, онҳо ҳанӯз ҳам амалкардҳои ҷосусонро таҳқиқ мекунанд:

"Дар сиёсат, раҳсонаҳои хабарӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардуми Полша ҳамон афроде фаъол ҳастанд, ки корашонро дар аврони коммунистӣ оғоз намуда буданд. Аз ин рӯ , наметавон гуфт, ки як хатте миёни давраҳои гузаштаву ҳозира зуҳур намудааст."

Булҳак меафзояд, ки дар ҳаёти калисои католик низ ҳамин гуна вазъ вуҷуд дорад, вале пажӯҳиши бойгонии хадамоти амниятӣ саҳифаҳои торики гузаштаро рӯшан менамояд.

Дар ҳақиқат чунин рӯшаниандозиҳо дар Полша идома доранд. Моҳи январи соли 2007 Станислав Велгус дар арафаи қабули унвони усқуфи аъзами шаҳри Варшава аз мансаб даст кашид. Ӯ расман эътироф кард, ки дар даврони коммунистӣ бо хадамоти амнияти ин кишвар ҳамкорӣ доштааст.

Аммо Арвидас Анусаускас аз пажӯҳишгоҳи кушторҳои дастаҷамъӣ ва муқовимати Литва изҳор намуд, дар солҳои шастуму ҳафтодуми қарни гузашта дар як кишваре, ки севу ним миллион аҳолӣ дошт, яъне Литва тахминан 70 роҳиб хабаркаши пинҳонии КГБ буданд. Ӯ илова мекунад, ки аксари хабаркашҳоро дар даврони Шӯравӣ ҳам мешинохтанд ва аз ин рӯ, барканорсозии онҳо тӯл накашид.

Мушкили Литва ва дигар кишварҳои минтақа ба қавли Анусаускас ва дигар ширкаткунандагони конфронси шаҳри Братислава ин аст, ки парвандаҳои зиёди калисои католик дар арафаи фурӯпошии режимҳои коммунистии Аврупои Марказиву шарқӣ ва ҳатто ҷамоҳири собиқ шӯравӣ ба бойгонии КГБ ба Русия интиқол дода шуд ва то ҳанӯз асноди махфӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG