Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дохилаи Тоҷикистон, бо гумони даст доштан дар қатли се узви як хонавода дар Нуробод ду нафар боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо дар собиқ узви дастаи Мулло Абдулло, яке аз фармондеҳони нирӯҳои мухолифини собиқи тоҷик будааст.

Нурулло Орифов, муовини сардори раёсати кофтукови ҷиноии вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, боздоштшуда Асомиддин Охунов - як узви дастаи Мулло Абдулло дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст.

Оқои Орифов гуфт, нафари дуввуми муттаҳам ба қатли се узви як хонавода дар Нуробод, Тақдиршоҳи Раҷабзода, омӯзгори мактаби таҳсилити умумӣ будааст.

Ба эътиқоди муовини сардори раёсати вазорати дохилаи Тоҷикистон, афроди боздоштшуда дар содир кардани ҷинояти мазкур қоил шудаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, қаблан дар содир кардани қатли се узви як хонаода дар Нуробод, Қадим Рақибов, корманди шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Нуробод гумонбар дониста мешуд. Ва мегӯя,д ба дунболи боздошти Қадим Рақибов, даст доштани ӯ дар ин ҷиноят собит нашуд, вале мавриди амалиёт аз манзили ӯ ҳудуди 2 кило маводи мухаддири марихуанна ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ кашф гардид. Қадим Рақибов низ дар гузашта, солҳои 1996-2000 узви дастаи Мулло Абдулло будааст.

Дар робита ба шахсияти Асомиддин Охунов, ки дар қатли як хонавода дар Нуробод муттаҳам дониста мешавад, манобеъ аз нирӯҳои мухолифини собиқ изҳори беиттилоъӣ карда ва гуфтанд, ки аз узвияти инчунин шахсият ба гурӯҳи Муло Абдуллоҳ огаҳӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG