Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад


Дар шаҳри Вена нишасти дурӯзаи Шӯрои мудирони Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳаставӣ оғоз шуд, ки дар он гузориши раиси ин ниҳоди СММ Муҳаммад Ал-Бародаъӣ дар мавриди барномаи ҳаставии Эрон баҳс хоҳад шуд. ИМА ва муттафиқонаш Ҷумҳурии Исломиро бо кӯшиши тавлиди силоҳи ҳаставӣ муттаҳам мекунанд.

Дар гузориши Ал-Бародаъӣ омадааст, ки мақомоти Теҳрон дар рафъи суолҳо пиромуни барномаи ҳаставиаш пешрафте ҳосил намудаанд, вале сафри назар аз мухолифати СММ Эрон ғанигардонии уранро тавсеъа мебахшад.

Фиристодаи ИМА дар Шӯрои мудирони Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ Грегорӣ Шулт гуфт, ба фикри ӯ Шӯрои мудирон аз тақозои Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ мекунад.

Дар Теҳрон раиси ҳайъати музокиракунандаи масъалаҳои ҳаставии Эрон Саид Ҷалилӣ гуфт, ки ӯ 30 ноябр дар Лондон бо Ҳавиер Солана тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вохӯрда, фаъолиятҳои ҳаставии кишварашро арзёбӣ мекунад.

Як рӯз пеш дафтари матбуотии Солана изҳор намуда буд, ки вақти инм улоқот муайян нашудааст. Пешбинӣ мешавад, ки Солана ба Шӯрои Амнияти СММ дар бораи саркашии Теҳрон аз қатъи ғанигардонии уран гузориш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG