Пайвандҳои дастрасӣ

Тақдими ҷоизаҳои «Озодии матбуот»


Дмитрий Муратов, яке аз барандагони ҷоизаи "Озодии матбуот" дар соли 2007

Дмитрий Муратов, яке аз барандагони ҷоизаи "Озодии матбуот" дар соли 2007

Ҷоизаҳои имсолаи «Озодии матбуот» ба чаҳор журналисти варзидаи ҷаҳон тақдим гардид.

Дар маросими супурдани ин ҷоизаҳо, ки ахиран дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) баргузор гардид, зиёда аз 800 намояндагони машҳури расонаҳои хабарии ҷаҳон ширкат намуданд. Дар байни онҳо, аз ҷумла, ношири «The Wall Street Journal» Гордон Кравитс, сардабири ожонсии «Reuters» Дэвид Шлезингер ва ношири «The Nation» Катрина Ванден Ҳевел, инчунин раҳбарони каналҳои бузурги телевизионӣ ва нашрияҳо ширкату суханронӣ намуданд.
Сипас ба чаҳор нафар журналистони варзидаи сайёра Мажор Аббос, хабарнигори яке аз каналҳои телевизионии Покистон, ки ахиран аз тарафи ҳукумати кишвар баста шудааст, Дмитрий Муратов, сардабири рӯзномаи «Новая газета»-и Русия, Гао Синжун, хабарнигори чанде пеш аз зиндон озодшудаи Чин, ва Адела Наварро Белйо, мудири кулли маҷаллаи ҳарҳафтаинаи «Zeta» аз Мексика (ҳамроҳ бо ҳаммуассис ва ҳаммуҳаррири нашрия, ки кушта шудаанд).
Дар суханронии худ ҳангоми гирифтани ҷоиза Дмитрий Муратов, сармуҳаррири рӯзномаи машҳури русии «Новая газета», аз ҷумла, гуфт: «Ин ҷоиза ба ман тақдим нашудааст. Ин ҷоиза нишони сипоси пасазмаргӣ ба журналистони нашрияи мо Игор Домников, Юрий Шекочихин ва Анна Политковская мебошад, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳалок гардиданд».
Ҷоизаҳои озодии матбуъотро созмони байнулмилалии мудофеъи ҳуқуқ мавсум ба «Дифоъ аз ҳуқуқи журналистон» таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG