Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 мардикори тоҷик дар Русия ҷароҳат бардошт


Дар шаҳри Тюмени Русия дар натиҷаи бархурдани як автобус бо автомобили боркаши КАМАЗ 22 нафар муҳоҷири кории тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Тибқи иттилоъи хабаргузориҳои ин кишвар, қазия субҳи имрӯз, 22 ноябр, рӯх додааст ва автобуси пур аз мардикорони тоҷик ҳини ба маҳалли кор бурдани онҳо ба садама дучор шудааст. Гуфта мешавад, муҳоҷирони кории захмбардошта ба беморхонаҳои маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG