Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 22 ноябр, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира ҷамъ шуда, имкони ширкат дар конфронси сулҳ дар Ховари Миёнаро арзёбӣ мекунанд.

Конфронси сулҳ дар шаҳраки Аннаполиси канори пойтахти ИМА баргузор хоҳад гашт. Мансабдорони амрикоӣ ба хотири ташкили ин конфронс зиёд талош варзиданд, то раванди сулҳи Ховари Миёнаро аз ҳолати беҳаракатӣ берун кашанд.

Дар замоне, ки раванди сулҳ мутаваққиф гардид, дар Ховари Миёна гурӯҳҳои тундгарои исломӣ таъсири худро афзоиш доданд. Гурӯҳи Ҳамос минтақаи Ғаззаро таҳти тасарруф қарор додаву гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ҳамчун муҳофизи манфиатҳои Сурия дар умури Лубнон нақши муҳим касб намуд.

Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак дар бораи конфронси сулҳ мегӯяд:

"Ин конфронс рамзи пуштибонӣ аз ҷадалҳои сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раҳбари фаластинӣ Маҳмуд Аббос хидмат хоҳад кард. Бар илова, конфронс ба ҳайси нуқтаи оғози музокироте хидмат хоҳад кард, ки ҳадаф аз он бунёди давлатҳои соҳибистиқлоли Исроил ва Фаластин аст."

Пешбинӣ мешавад, ки сешанбеи оянда дар Аннаполис беш аз сад намояндаи ҳафт кишвари саноатии олам, СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои миёнарав аз қабили Норвегия, Туркия ва Сенегал ҳузур хоҳанд дошт. Сухангӯи қасри Сафед Гордон Ҷондро изҳор намуд, ки 20 ноябр президенти ИМА Ҷорҷ Буш тариқи телефон бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ намуд ва бо кумаки раҳбари Русия раванди тарҳрезиву баргузории нишаст идома дорад.

То ҳол суоли беҷавоб кам нест. Масалан, наметавон гуфт, ки кадом мамолики арабӣ ҳайъатҳояшонро ба Аннаполис мефиристанд. Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ширкат дар конфронсро тасдиқ кард. Ӯ ваъда додааст, ки Сурияро ҳам ба ширкат дар нишасти байналмилалии сулҳи Ховари Миёна ташвиқ мекунад, зеро ба гуфти ӯ, пешрафт дар ҳалли низои исроилу фаластинӣ роҳро барои ҳалли мушкилиҳои дигари минтақа боз мекунад.

Вале Димашқ, ки мунтазири баҳси теппаҳои Ҷолан аст, то кунун ба даъватномаи ширкат дар конфронси сулҳ посухи мусбат надодааст. Ҳамин гуна, Арабистони Саудӣ низ ба конфронс садоқат нишон надодааст. Саудия худ лоиҳаеро зери унвони "сулҳ бар ивази замин" матраҳ кардааст. Бар пояи он, Исроил бояд аз заминҳои то соли 1967 ишғол намудааш берун шавад, то дар ҷавоб олами араб давлати яҳудиро ба расмият шиносад. Исроил ин барномаро қабул надорад.

Сарвазири Исроил бо мақсади ташвиқи кишварҳои арабӣ дар арафаи нишаст ваъда дод, ки бунёди маҳаллаҳои яҳудӣ дар манотиқи ишғолшударо қатъ мекунад. Ҳамчунин, ӯ садҳо маҳбуси фаластиниро аз зиндонҳои исроилӣ раҳо намуд. Вале эҳтимолан бо дар назардошти вазъи сиёсии Исроил ӯ а гузашти бештар аз он ҳозир нахоҳад шуд.

Мисли ӯ Маҳмуд Аббос ҳам шояд бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи Ҳамос дар минтақаи Ғазза аз ҳар гуна гузашти бузург худдорӣ хоҳад кард, то ихтилофи миёни фаластиниҳоро тавсеа набахшад.

Ба қавли шореҳон, ҳатто ташхиси ихтилофҳо дар раванди сулҳе, ки ҳафт сол инҷониб баҳаракат аст, мафоди зиёд хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG