Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони ҷинояткор зиёд шудаанд


Мизони ҷинояткорӣ дар миёни навҷавонон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад.

Аз рӯи маълумоти манобеъи расмӣ, дар давоми соли равон аз ҷониби бачаҳои Суғд наздики 150 ҷиноят содир шудааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров – сардори раёсати умури дохилаи Суғд ин ҳолатро нигаронкунанда арзёбӣ кард ва умдатарин сабаби зиёд шудани ҷинояткорӣ дар байни бачаҳои Суғдро дар барканор мондани теъдоде аз онҳо аз таҳсил номид.

Ва ин дар ҳолест, ки теъдоди маҳфилу варзишгоҳҳо дар мактабхонаҳо ва берун аз он барои кӯдакону навҷавонони Суғд ангуштшумор мебошад. Китобхонаҳову марказҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо адабиёти ҳозирзамон, интернет ва васоити дигари таълимӣ ба хусус дар деҳоти Суғд умуман вуҷуд надорад. Дар Хуҷанд як театри тамошобини наврас фаъолият мебарад ва соле чанд намоиш рӯи саҳна мегузорад.

Дар ин маврид коршинос Исмоили Суғдӣ мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ бисёр падару модарони суғдӣ ба қасди мардикорӣ ва ё тиҷорат дар Русия барои дарозмуддат Тоҷикистонро тарк карда, фарзандони хурдашонро таҳти сарпарастии пайвандонашон, бе назорати доимӣ гузоштаанд. Ба гуфтаи вай, дар соли хониши гузашта 900 нафар мактабиёни синфҳои даҳу ёздаҳ бо сабабҳои мухталиф аз мактаб хориҷ карда шуда, ин моҳи сентябр паси мизҳои мактабӣ ҳозир нашудаанд. Ба ҷуз ин, 100 нафар мактабиёни дигар, бештар духтарони суғдӣ мактабҳои миёнаро ихтиёран тарк гуфтаанд.

Дар чунин вазъ як сабаби умдае, ки аз нигоҳи Хайрулло Саидов – додситони Суғд, навҷавонони Суғдро ба сӯи ҷинояткорӣ мебарад, бекорӣ ва бешуғлии теъдоди зиёди онҳо мебошад. Дар ҳоле ки сокинони синнашон аз 18 болои Тоҷикистон ба худ ҷои кори мувофиқ ва дилхоҳ пайдо карда натавониста, ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд, навҷавонон ба мушкили дучандони ҷойҳои кории мавсимӣ ва бо рӯзи кори кӯтоҳ мувоҷеҳанд.

Ба ҳамин тариқ, масъулин ва коршиносону таҳлилгарони Суғд заъфи назорат, тарки мактаб, бекорӣ ва бемашғулиятиро сабабҳое медонанд, ки ҷинояткорӣ дар миёни навҷавонони устонро афзудааст ва ислоҳи вазъро бе ҳалли ин мушкилоти кӯдакон сангин меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG