Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Покистон 65 ҷангиро нобуд кардааст


Артиши Покистон гуфт, ки сарбозони онҳо 65 ҷангии эҳтимолиро дар як даргирие дар шимолуғарби Покистон ба ҳалокат расониданд. Сарбозон ҷангиёнро аз қуллаи кӯҳе дар ноҳияи Шанглаи вилояти Сват, ки аз моҳи июл зери назорати онҳо буд, рондаанд. Дар ин минтақа ба унвони такягоҳи худ ҷангиён мехостанд шариати исломиро ҷорӣ кунанд. Артиш мегӯяд, ки дар пайи 48 соати амлиёти ахир дар ин минтақа 40 ҷангӣ кушта шудаанд. Дар даргирии дигаре дар минтақаи Кабал артиш гуфт, ки дар ҷанг бо шӯришиён дасти кам 25 ҷангиро ба ҳалокат расониданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG