Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имронхон аз боздошт раҳо шуд


Мақомоти Покистон як фаъоли мухолифин, крикетбози маъруф Имронхонро аз зиндон раҳо карданд. Имронхон ҳафтаи гузашта боздошт шуда, барои кӯшиши раҳбарии тазоҳуроти донишҷӯён дар Лоҳур, ки зидди ҳолати изтирории ҳукумат ташкил шуда буд, аз рӯи қонуни зиддитеррор айбдор шуд. Вазири адлияи Покистон Афзал Ҳайдар дирӯз гуфт, ки мақомот 5600 ҳуқуқшинос ва фаъоли сиёсиро, ки тибқи муқаррароти вазъи фавқулодда боздошт шуданд, раҳо карданд. Феълан боз 600 нафари дигар дар боздошт ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG