Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба мухолифин ҳамла кард


Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин мухолифони сиёсии худро, ки аз Ғарб пуштибонӣ мешаванд, ба "шағолҳо" шабоҳат дода гуфт, ки душманҳои дохиливу хориҷии Русия мехоҳанд ин кишварро заъифтар кунанд. Путин дирӯз бо чунин мазмун дар як майдони варзишии Маскав дар баробари гурӯҳҳои ҷавонон ҳозир шуда аз онҳо тақозо кард, ки барои пирӯзии вай ва ҳизби "Русияи воҳид" дар интихоботи парлумонии 2 декабр овоз диҳанд. Вай гуфт:

"Мутаассифона, дар дохили кишвар ҳам нафароне пайдо мешаванд, ки дар атрофи сафоратҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ шағолвор чарх мезананд ва бар ивази кӯмаки мардуми худ, ба пуштибонии хазинаҳову ҳукуматҳои хориҷӣ умед мебанданд".

Путин афзуд, ки барои ҳимоят аз сиёсати имрӯзаи давлати Русия пирӯзии "Русияи воҳид" ҳаётан муҳим аст. Владимир Путин, ки дар моҳи марти соли 2008 мӯҳлати раҳбариаш ба итмом мерасад, дар интихоботи парлумонии Русия дар садри феҳрасти ҳизби "Русияи воҳид" қарор хоҳад гирифт. Бо назардошти ин ки тибқи Қонуни асосии Русия Путин наметавонад барои мӯҳлати сеюм муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ шавад, таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Путин мақоми нахуствазирии ин кишварро ҷӯё хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG