Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маводи мухаддир дар Ҳамадонӣ боздошт шуд


Беш аз 27 кило маводди мухаддир аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон – ноҳияи Ҳамадонӣ кашфу забт шудааст. Қочоқбарон қасд доштаанд, ин миқдори афюнро ба Русия таҳвил кунанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон наздики панҷ тонн маводди мухадир кашфу мусодира ва даҳҳо нафар, аз он миён шаҳрвандони Афғонистон, бо ҷурми қочоқ боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG