Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе ҳам лимити барқ ҷорӣ мешавад


Лимити барқ акнун дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ роҳандозӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, ин тасмим бо қарори мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ва бар асоси дархости ширкати «Барқи тоҷик» сурат гирифтааст. Интиқоли барқ ба сокинони кӯчаву хиёбонҳои канории пойтахти кишвар давоми шаш соат, яъне аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ қатъ мегардад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ин тасмими муваққатист ва эҳтимолан то охири моҳ лағв мешавад. Интиқоли барқ ба корхонаву муассисоти ба истилоҳ «ҳаётан муҳим»-и Душанбе мутаваққиф нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG