Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷои артиш ба зиндон мераванд


Дар устони Хатлон ду сарбози фирорӣ, ки тайи беш аз чаҳор сол дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, боздошт гардидаанд. Додситонии низомии Хатлон гуфтааст, рӯзи гузашта парвандаи ҷиноии Дилшод Сатторов, ки дар моҳи марти соли 2003-юм аз хидмати низомӣ сарпечӣ карда ва фирорӣ шудааст, барои баррасӣ ба додгоҳи низомии гарнизони Хатлон ирсол гардидааст. Ҳамзамон Қурбоналӣ Қаландаров, сарбози як воҳиди низомии вобаста ба вазорати мудофиаро низ дар фирор аз мавзеъи хидмат ва панаҳ бурданаш аз мақомот, муттаҳам мекунанд. Парвандаи ӯ низ дирӯз ба додгоҳ равона шуда ва дар сурати собит шудани гуноҳашон ба онҳо ҷазои аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG