Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти сарони ҳукуматҳо дар Ашқобод


Имрӯз дар Ашхобод нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳадафи ширкат дар ин ҳамоиш дирӯз вориди пойтахти Туркманистон гардид. Қарор аст дар нишасти Шӯро 25 масъала муҳокима шавад. Сарони ҳукуматҳо аз ҷумла асноди танзимкунандаи равобити кишварҳои узви Иттиҳодия дар соҳоти иқтисод, муҳоҷират, омӯзишу парвариш, сиёсати гумрукиву мухобиротӣ ва инчунин масоили марбут ба буҷаву молияро баҳсу баррасӣ мекунанд. Феълан Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро нахуствазири Украина Виктор Янукович раисӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG