Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии вазъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон


Масоили рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ бо ширкати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон матраҳ шуданд. Дар ин нишаст раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимзода гуфт, ки феълан дар кишвар 53 лоиҳаи сармоягузории ҳукуматӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 300 миллион доллари амрикоӣ дар ҳоли иҷро аст. Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба ин ки рушди соҳибкории хурду миёна аз аҳдофи аслии сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон аст, афзуд: «Муҳайё кардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ва фанноварии муосир ба иқтисоди кишвар бас муҳим аст». Дар ин замина, раиси ҷумҳур дастур дод, то дар моҳи декабри имсол як мушовараи ҷумҳуриявӣ бо доираҳои соҳибкорию раҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир карда шавад.

XS
SM
MD
LG