Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин баррасии тарҳи қонуни дин


Тарҳи қонуни озодии виҷдон, ки аз сӯи мақомоти расмии Тоҷикистон таҳия шудааст, мавриди баррасии созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои мазҳабии маҳаллӣ қарор гирифт.

Аксарияти намояндагони созмонҳои мазҳабии кишвар қонуни ҷории «Дин ва Иттиҳодияҳои динӣ»-ро дар қиёс бо тарҳи ҷадиди он, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, нисбатан демократитар арзёбӣ карданд. Ба ишораи онҳо, қонуни ҷории дин, ки дар соли 1999 ба он ислоҳ ворид гардидааст, дар муносибат бо ақаллиятҳои мазҳабӣ «нарм» мебошад.

Игор Самиев, раҳбари Иттиҳоди насрониҳои инҷилгаро дар Душанбе, тарҳи қонуни динро барои фирқаҳои мазҳабии ғайриисломӣ «садди бузург» унвон кард ва онро як навъ нақзи озодиҳои мазҳабӣ донист. Ба қавли ӯ, дар сурати тасвиб шудани ин тарҳи қонун бо шакли кунунияш, ки нусхаи ниҳоӣ дониста мешавад, шояд фаъолияти бештари созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон номумкин гардад.

Вай гуфт, ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон аксаран аз 10 то 40 ё аз 50 то 100 нафар пайрав доранд. Нусхаи қаблии лоиҳаи қонуни дин, ки барои сабтиноми як созмони мазҳабӣ имзои беш аз 400 нафарро тақозо мекард, албатта, мавҷудияти бештари созмонҳои динии ғайриисломиро зери суол мебурд. Игор Самиев афзуд, аммо дар нусхаи ниҳоии ин тарҳи қонун дарёфтем, ки банди мазкур ҳазф шудааст, вале маҳдудиятҳои сангине дар роҳи сабтиноми созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ пешбинӣ шудааст, ки боз ҳам моро дар ташвиш мегузорад. Зеро дар ин тарҳи қонун омадааст, фақат созмонҳои диние сабтином мешаванд, ки беш аз 10 сол дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Пас, ҷараёнҳои нави мазҳабие, ки тоза зуҳур мекунанд, имкони дар Тоҷикистон сабтином шуданро пайдо нахоҳанд кард.

Агарчи Сайидбек Маҳмадуллоев, мудири бахши диншиносии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, низ ин даъвои созмонҳои мазҳабии ғайриисломиро рад намекунад, аммо мегӯяд, ки бархе аз бандҳои қонуни дин ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз доранд. Ба таъкиди ӯ, ин лоиҳаи қонун, ки як сол бад-ин сӯ мавриди муҳокимаи маҳофили мазҳабии Тоҷикистон қарор дораду намояндагони созмонҳои динии ғайриисломиро нигарон кардааст, ҷалби сокинони кишварро ба мазоҳибу ҷараёнҳои мухталиф иҷоза намедиҳад. Вай таъкид кард, ки дар пешнависи қонуни дин ба намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон шароити баробари фаъолият фароҳам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти расмии Тоҷикистон барои севвумин бор аст, ки ин лоиҳаи қонуни динро ислоҳ ва барои муҳокимаи созмонҳои байнулмилалӣ ва маҳаллӣ пешниҳод мекунад.

Коршиносон мӯътақиданд, ки боз ҳам лоиҳаи таҳиякардаи ҳукумат ва аммо бо андаке сабукиҳо барои диндорон қабул хоҳад шуд. Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси умури дин ва сиёсат, ҳарчанд баъзе аз нуктаҳои ин лоиҳаи қонунро барои мусулмонҳои Тоҷикистон ғайриқобили қабул мешуморад, аммо онро намунаи беҳтари муносибати давлат бо дин арзёбӣ мекунад.

Шӯрои машваратии Созмони амният ва ҳамкории Урупо оид ба озодии эътиқод низ як соли қабл дар гузориши худ лоиҳаи қонуни “Озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ”-и Тоҷикистонро ноқис хонда, ва 18 далели ихтилофангези ин лоиҳа бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро номбар карда буд. Бо ин ҳама, Владимир Пряхин, сафири Созмони амният ва ҳамкории Урупо дар Душанбе, умедвор аст, ки ин лоиҳаи қонун бидуни татбиқи пешниҳодоти созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои мазҳабии маҳаллӣ барои муҳокима ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод нахоҳад шуд, зеро ин тарҳи қонун, ба гуфтаи ӯ, саропо баҳсбарангез аст.

В. Пряхин афзуд, нақши аслии созмони мо ин аст, ки намояндагони давлат ва намояндагони созмонҳои мазҳабиро ба як ҷо ҷамъ оварем ва тарҳи қонунро баррасӣ намоем. Аммо аз муҳокимаи чандинкаратаи ин лоиҳаи қонун бармеояд, ки аксарият бо чунин шакл тасвиб шудани онро қабул надоранд. Ва мо ҳам гуфта метавонем, ки дар лоиҳаи ҷадиди қонуни озодии эътиқод мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ ба фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ бештар шудааст. Аммо ҳалли ин масъала чандон саҳл нест ва албатта, вақти зиёд тақозо мекунад, гуфт ӯ.

Қарор буд дар ин ҳамоиш масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ лоиҳаи алтернативии қонун дар бораи “Озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро муаррифӣ бикунанд. Аммо ба далели ширкат надоштани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб ва ҳамзамон вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҳамоиш ин муаррифӣ мавқуф гузошта шуд. Интизор меравад, ин тарҳи алтернативии қонуни дин низ барои муҳокима ба Порлумони кишвар ироъа шавад.

XS
SM
MD
LG