Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси истифодаи рӯдхонаи Ому дар Кобул


Роҳҳои беҳтари истифода аз оби рӯдхонаи Ому, ҷалби сармоя барои ҳифзи об ва мустаҳкам кардани соҳилҳои он дар як ҳамоиши мақомоти расмии Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Кобул баррасӣ шуд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, қарор аст, бо кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ як кумиссиёи муштараки Тоҷикистону Афғонистон таъсис шавад, ки он роҳҳои беҳтари истифодаи муштараки ин рӯдхонаи пуробу азими Осиёи Марказиро таҳқиқ хоҳад кард.

Рӯдхонаи Омӯ, Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад ва зарфияти онро 64 миллиард метри мукааб об медонанд.
XS
SM
MD
LG