Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи бузурги раиси ҷумҳур Владимир Путин


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, дар зарфи чанд моҳи оянда ҳокимияти болоии ин кишвар ба куллӣ нав хоҳад шуд. Замони раёсати ҷумҳури Владимир Путин моҳи марти соли 2008 ба поён мерасад ва пештар аз он дар моҳи декабри имсол Русия интихоботи порлумонӣ хоҳад дошт. Имрӯз ҳангоми мулоқот бо тарафдорони Ҳизби Русияи Воҳид дар шаҳри Маскав Владимир Путин гуфт: "Дар чанд моҳи оянда дар Русия ҳокимияти болоӣ ба кулли нав хоҳад шуд ва ба хотири он ки ин азнавсозӣ ба таври дуруст ва мувафақ ва ба суди кишвар анҷом ёбад ва раиси ҷумҳури ояндаву порлумон бо ҳам ба таври босамар ҳамкорӣ намуда ва барои хубии тамоми мардуми кишвар хидмат кунанд, мо бояд пирӯз шавем."
Владимир Путин ҳамчунин мухолифони давлатро танқид карда гуфт, ки онҳо мехоҳанд, Русия кишвари заъифу бемор ва дорои ҷомеаи сардаргум ва боихтилоф бошад.
XS
SM
MD
LG