Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тарҳи қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз нақзи давомдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози нигаронии амиқ шудааст.

Дар гузашта низ Маҷмаъи Кулли Созмони Милал борҳо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Эрон, бахусус аз истифодаи ҷазоҳои золимонае аз қабили сангсору қатъи дасту по ва ба дор овехтан изҳори нигаронии ҷиддӣ карда буд. Дар ин қатъномаи Созмони Милал вуҷуди шиканҷа, муҷозоту рафтори тавҳиномезу ғайриинсонӣ аз ҷумла буридани дасту по, сангсор ва шаллоқ задан дар Ирон маҳкум шудааст. Дар қатънома омадааст, ки дар Эрон ҳамчунин табъизи фазоянда, нақзу инкори ҳуқуқи қавму пайравони мазҳабҳои дигар мушоҳида мешавад.

Дар қатъномаи Созмони Милал бахусус таъқиби пайравони мазҳаби баҳоӣ, мамониат аз таҳсили баҳоиён дар донишгоҳҳо, эҷоди маҳдудиятҳои иқтисоди барои онҳо мадди назар қарор гирифтааст. Қатъномаи мазкур, ки бо ибтикори Конодо, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ пешниҳод шудааст, аз давлати Эрон қотеъона хостааст, то ки таъаҳудоти худ барои риояти ҳуқуқи инсонро иҷро кунад ва аз буридани дасту пойи гунаҳкорон, қатл дар мазҳари ом, ки дур аз манзалати исломӣ ҳастанд, чӣ дар амал ва чӣ дар қонунҳои худ аз байн барад.

Пеш аз раъйгирӣ дар мавриди ин қатънома, ки ҳукми иҷроро надорад, Муҳаммади Хазоӣ, сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, баъзе аз кишварҳо сохтор ва механизми ҳуқуқи башари Созмони Милалро барои пешбурди аҳдофи сиёсиашон табдил додаанд. Муҳаммад Хазоӣ давлати Конодо аз муаллифони асосии қатъномаро башиддат танқид карда гуфт, ин кишвар худро мудофеъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон вонамуд мекунад, дар ҳоле, ки иддае аз қишрҳои ҷомеъаи он, бахусус ақаллиятҳои миллӣ, муҳоҷирону хориҷиён ва мардумии бумии он, аз нақзи ҳуқуқи инсониашон ранҷ мебаранд.

Аммо намояндаи Конодо дар Созмони Милал Ҷон Макнӣ зимни баёнияи хеш гуфт, мунтазири рӯзест, ки дигар ба чунин қатъномаҳо зарурат пеш наояд. Вай афзуд, кишвараш орзуи онро дорад, ки рӯзе давлати Эрон мавҷудияти мушкили нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро эътироф мекунад ва рӯзе худи эрониҳо ба таври ошкор ва бидуни тарс аз таъқиб ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Қатъномаи кумитаи ҳуқуқи инсони Маҷмаъи Кулли Созмони Милал моҳи оянда дар ин маҷмаъ ва бо ҳузури намояндагони 192 кишвари узв ба раъйдиҳӣ гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG