Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба омори Маркази пажӯҳиши афкори оммаи Русия, 58 дарсади ҷавонони рус роҳи беҳбудсозии зиндагӣ ва ба даст овардани обрӯро дар соҳаи тиҷорат мебинанд. Танҳо 25 дарсади ҷавонони Русия ба сиёсат алоқаи бештар доштаанд.

Олга Каменчук, сухангуи маркази пажӯҳиши афкори умум дар Русия, дар робита ба натоиҷи ин назарпурсӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҷавонони Русия бештар дар андешаи вазъи иқтисодии худ ҳастанд ва ба сиёсат чандон майл надоранд. Вай афзуд, ҷавонони муосир чандон бовар надоранд, ки дар сиёсат ба мартабае хоҳанд расид ва аз ин рӯ аксари тиҷоратро роҳи осони беҳбуди зиндагии зуд медонанд. Ба гуфтаи вай, аксари он ҷавононе, ки чунин меандешанд, сокинони шаҳри Маскав ва Санкт Петербург ҳастанд.

Иван Болшаков, муъовини раҳбари созмони ҷавонони «Яблоко», ба гуфтаҳои хонум Каменчук мувофиқ аст. Вай ба ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир ҷавонон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хуб надоранд ва ба ҳамин сабаб бештар ба тиҷорат чашм медузанд. Вай афзуд, аксари ҷавонони мо ба сиёсат чандон алоқаманд нестанд, балки дар фикри миқдори дастмузд ва шароити зиндагии худ ҳастанд. Онҳо дар шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии имруза худро ба сиёсат намепайванданд, мегуяд ӯ.

Аммо Иля Яшин, раҳбари созмони ҷавонони “Яблоко”, чунин назар дорад, ки дар ҳоли ҳозир майли ҷавонони Русия ба сиёсат бештар шудааст, вале нафароне, ки аз ҳукумати феълӣ ҷонибдорӣ намекунанд, ба сиёсат дур карда мешаванд. Вай гуфт, ҷавонон дар Русия дар ҳоли ҳозир дар қиёс ба солҳои қабл ба сиёсат бештар рағбат зоҳир мекунанд ва ба ҳар гуна созмонҳои сиёсӣ шомил мешаванд.

Ҳамзамон ба гуфтаи коршиносон, давлати Русия саъй дорад, ки ҷавононро ба сиёсати худ ҷалб кунад. Дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ низ аҳзобу созмонҳои гуногун аз ҷавонон истифода мекунанд. Ба эътиқоди ҳамин коршиносон, сиёсатмадорон дар вақти интихобот ба ҷавонон ваъдаҳои гуногун медиҳанд, аммо баъд аз интихобот ва соҳиби курсӣ шудан дар порлумон ҳам ҷавонон ва ҳам ваъдаҳои додаи худ ба онҳоро аз ёд мебаранд.

XS
SM
MD
LG