Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон


Феълан, дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сӯи мақомоти идораи маҳаллӣ эътироф намешавад ва дар ҳалли масоили умдаи ҷомеа равобити ин бахш камранг ба назар мерасад.

Ин масъала ба унвони як мушкили аслии рушди мақомоти идораи маҳаллӣ имрӯз зимни як нишаст дар Душанбе номбар шуд, ки бо пуштибонии Барномаи рушди ҷамоаҳои манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон дар ҳамкорӣ бо Урбан Институт ва Оҷонсии рушди байналмилалии Канада баргузор гардид. Кишвар Абдувалишоев, раҳбари барномаи рушди ҷамоаҳои манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон гуфт, барои рушди мақомоти худидораи маҳаллӣ дар Тоҷикистон бояд ба ин мақомот мустақилияти бештар дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар зимн мустақилияти молии ин мақомот ва мушаххас кардани нақши бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҳаллҳо зарур аст.

Ба гуфтаи оқои Абдувалишоев, феълан, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои шаҳрвандӣ мавриди ҳалли бисёр масоили худидорӣ дар маҳаллот агарчи камранг унвон мешавад, вале ба ҳар сурат вуҷуд дорад. Ва ба хотири муаасир будани ин фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ бояд аз сӯи мақомоти давлатии идораи маҳаллӣ сармогузорӣ низ шавад.

Аммо ин дар ҳолест, масъулини мақомоти идораи маҳаллии манотиқи кишвар аз заъфи буҷаи худ шикоят мекунанд ва бар инанд, ки ҳамзамон бо сармояи давлатӣ ин мақомот бояд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ мустақил бошанд.

Нуринисо Алигулова, раиси ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим мегӯяд, намешавад равобити мақомоти давлатии маҳаллӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқи кишварро камранг арзёбӣ кард. Зеро, ба гуфтаи ӯ, мақомоти маҷлиси вакилони маҳаллӣ дар манотиқ омодаанд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷомеа ҷаласаҳои худро дар сурати зарурӣ қабл аз вақт даъват кунанд ва мушкили мардумро ба баррасӣ бигиранд. Аммо, ӯ меафзояд, феълан дар саросари ҷомеаи Тоҷикистон мушкилоти умдаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки хоси танҳо як минтақаи алоҳида нест ва мегӯяд, ҳалли ин мушкилот танҳо дар сурати ҳамкориҳои қавии мақомоти идораи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG