Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши ҷиддии СММ аз рафтори Эрон


Як кумитаи Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае аз “нақзи пайвастаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон” дар Эрон ибрози “нигаронии амиқ” кардааст. Дар Кумитаи Ҳуқуқи Башари Маҷмаъи Кулли Созмони Милал 72 кишвар ба ҷонибдорӣ, 50 кишвар раъйи мухолиф додаанд. Панҷоҳу панҷ кишвари дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзидаанд. Дар ин қатънома аз мавориди шиканҷаву, рафтори золимонаву ҷазоҳои тавҳиномез ва ғайриинсонӣ аз ҷумла шаллоқзанӣ ва дасту по буридан дар Эрон ибрози ҷиддии нигаронӣ шудааст. Ин қатънома, ки муаллифони асосиаш Конодо ва Амрико мебошанд, барои раъй додан ба Маҷмаъи Кулли Созмони Милал фиристода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG