Пайвандҳои дастрасӣ

Наздик шудани баҳои нафт ба 100 доллар


Қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ имрӯз боз ҳам ба таври рекордӣ боло рафт ва барои як бушка 99 долларро ташкил дод. Поён рафтани арзиши доллари амрикоӣ, ки нафтро асосан бо он хариду фурӯш мекунанд, сабаби афзоиши талабот ба нафт шудааст, зеро доллари арзон барои мубодилакунандагони нафтӣ, дар бозорҳои нафт суди бештар меорад. Ҷаҳиши ногаҳонии баҳои нафт дар бозорҳои осиёӣ ва наздик шудани он ба марзи 100 доллар иқтисоддонҳои бисёреро ба ларза андохт. Қиммати арзаи нафт дар моҳи январ имрӯз то ба 99 доллару 29 сент расид ва сипас ҳангоми баста шудани бозорҳои осиёӣ то 98 доллар поён омад.

XS
SM
MD
LG