Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як таркиш дар майдони марказии шаҳри Хоруғ, дар рӯбарӯи бинои ҳукумати шаҳр як ҷавони 25-сола кушта бар ҷой гузошт.

Исми қурбонии таркиш Нур Музаффаров буда ӯ аз ноҳияи Ванҷ ба Хоруғ омада будааст. Бар асари таркиш як ҷавондухтари донишҷӯ захм бардошта ва дар ҳолати вазнин ба беморхона мунтақил шудааст.

Сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор бар асари истифодаи беэҳтиётона бо норинҷаки дастӣ аз ҷониби ҷавони кушташуда рух додааст. Файзи Мирҳасан, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар маҳалли таркиш пораҳои норинҷаки таркидаро дидааст.

Таркиш харобиҳои зиёд ба бор наовардааст ва танҳо шишаҳои ду мошин шикастаанд.

XS
SM
MD
LG