Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се намоишгоҳи байнулмилалӣ дар Душанбе


Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳҳои «Зербинои Тоҷикистон-2007», «Телеиртибот, фанновариҳои иттилоъотӣ ва роёнаӣ» ва «Саноати ғизо ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон» боз гардиданд.

Яке аз ин намоишгоҳҳо – намоишгоҳи дувуми байнулмилалии «Зербино(инфраструктура)-и Тоҷикистон-2007» лоиҳаи нодири байнисоҳавии ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки самтҳои авлавиятдори иқтисоди Тоҷикистон чун энержӣ, саноати кӯҳ, металлургия, нақлиёт, убури бор ва логистикаро дар худ инъикос намудааст. Дар ҳамин ҳол ташкилкунандагони ин намоишгоҳ вазоифи асосии онро дар ҷалби ширкатҳои нав ва сармоя, рушди муносиботи иқтисодии байнулмилаливу дохилӣ, пайдо намудани нерӯи минтақа, пешбурди барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энержӣ ва истеҳсоли маъодини Тоҷикистон, инчунин барқарорсозии тамосҳои нави ҳамкорӣ, медонанд.

Намоишгоҳи севуми байнулмилалии «Телеиртибот, фанновариҳои иттилоъотӣ ва роёнаӣ (компютерӣ)» бузургтарин намоишгоҳи ҳарсолаи махсусонидашудаи телеиртиботот (телекоммуникатсияҳо) ва системаҳои алоқа дар Тоҷикистон мебошад. Ба эътиқоди аксари коршиносони соҳа, ин намоишгоҳ кайҳо боз ба як воқиъаи муҳимми махсусонидашудаи анъанавӣ ва мулоқоти ҳарсолаи мутахассисони соҳаи телеиртибототу фанновариҳои иттилоъотӣ гардидааст, ки дар навбати худ барои муштариёни мушаххас, дастгириву танзими тамосҳои корӣ ва инкишофи ҳамкориҳои сӯдманд имконоти васеъро пешниҳод менамояд.

Намоишгоҳи дигаре, ки аз ҷониби коршиносон муҳимму зарурӣ арзёбӣ шудааст, «Саноати ғизо ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон» унвон дорад. Мутахассисин бар ин назаранд, ки ин намоишгоҳи байнулмилалӣ барои кормандони ин соҳаҳои муҳимми ҷомиъа имконоти воқеъиеро фароҳам меоварад, ки онҳо бо тиҷорати худро шурӯъ намуда, онро инкишоф диҳанд, инчунин бо ҳамкасбони худ иртиботи корӣ барқарор созанд ва дар бораи дастовардҳо дар соҳаи саноъати хӯрокворӣ маълумоти бештари заруриро дарёфт намоянд.

Гуфта мешавад, ба ширкатҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои узви ИДМ имконияти шиносоӣ бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва барои худ дар Тоҷикистон дарёфт намудани бозори нави дар ҳоли рушд фароҳам меояд.

Дар ҳамин ҳол дар ин намоишгоҳ 45 ширкат аз 14 кишвар маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузоштаанд.

Ширкати байнулмилалии «ITECA OSIYO» - ширкати пештози ҷаҳонӣ дар ташкили намоишгоҳҳои махсусонидашудаи байнулмилалӣ ва конфронсҳо дар ҳудуди ИДМ, Аврупои шарқӣ, Туркия, Русия ва кишварҳои дигар – ва шарики он ширкати бритонии «I.T.E. Exhibitions and Conferences Ltd» созмондиҳандагони ин намоишгоҳҳо мебошанд.

Ба гуфтаи масъулин, ин намоишгоҳҳо таҳти сарпарастии расмии ҳукумати Тоҷикистон, Палатаи тиҷоративу саноъатии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва «Тоҷикматлубот» дар давоми ду рӯз баргузор мешарданд.

XS
SM
MD
LG