Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мунтазири таҳримҳо нест


Сафири Эрон дар СММ гуфт, Теҳрон интизор надорад, ки дар фурсати наздик бахши сеюми таҳримҳои Шӯрои амният зидди барномаи ҳастаии ин кишвар эъмол шавад. Муҳаммад Хазоӣ дар дафтари СММ дар Ню-Йорк дар баробари хабарнигорон гуфт, ки Эрон бо Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаии ММ ҳамкорӣ кардааст, то ки масоили марбут ба барномаи ҳастаии ин кишвар ҳаллу фасл шаванд ва ин талошҳои Эрон аз ҷониби Русияву Чин пуштибонӣ ёфтааст. Маскаву Пекин ҳақи ветогузорӣ дар тасмимҳои Шӯрои амнияти СММро доранд ва метавонанд, ҳама гуна пешниҳоди ИМА ва муттафиқони онро дар робита бо таҳримҳои шадидтар масдуд кунанд.
XS
SM
MD
LG