Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътимоди Буш ба Мушарраф


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бори дигар итминони хотир дод, ки раиси ҷумҳурии Покистон генерал Парвиз Мушарраф ба вазъияти изтирорӣ хотима дода интихоботро баргузор мекунад. Дар мусоҳибае бо як телевизиони Амрико Буш гуфт, ки озодшавии ҳазорҳо мухолифони сиёсӣ аз зиндонҳо як аломати хуб аст. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе ҳудудан 3400 ҳуқуқшиносону фаъолони мухолифин ва дигарҳо аз боздошт раҳо шуданд. Буш инчунин изҳори боварӣ кард, ки анбори муҳимоти ҳастаии Покистон муҳофизат шуда ба дасти тундгароҳои исломӣ нарасидааст. Дирӯз Камисссиюни интихоботии Покистон таъйид кард, ки интихоботи парлумонии ин кишвар рӯзи 8 январ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG