Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз муҷозоти зани таҷовузшуда шигифтзада аст


ИМА аз иттиҳоми як зане дар Арабистони Саъудӣ шигифтзада шудааст, ки мавриди таҷовузи гурӯҳӣ қарор гирифта акнун ба шаш моҳи зиндон ва 200 шаллоқ муҷозот шудааст. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки аз ҳукумати Саъудия вобаста аст, ки ҳукми ин зан бозбинӣ шавад. Зан баъди он гунаҳгор дониста шуд, ки ошкор шуд вай дар дохили мошини марде нишаста будааст, ки бо вай равобити хешутаборӣ надорад. Ҳафт марде, ки ба номуси вай дастдарозӣ карданд, аз ду то нӯҳ сол равонаи зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG