Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ чархболи нирӯҳи эътилоф суқут кард


Низомиёни амрикойӣ гуфтанд, ки як чархболи марбут ба нирӯҳои эътилофӣ дар Ироқ суқут карда, ду сарбозро кушта ва 12 нафарро захмӣ ба ҷо гузошт. Майор Бред Лейтон, сухангӯи нирӯҳои амрикойӣ гуфт, ки тибқи гузоришҳои аввалия ин ҳодиса дар наздикии шаҳри Салмон Пак, 45-километрии ҷанубушарқи Бағдод рух дод ва он кори дасти душман набуд. Феълан мушаххас нест, ки оё ҳуввияти қурбониҳои ин ҳодиса чӣ будааст.
XS
SM
MD
LG