Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Афғонистон таъхир мекунад


Раиси Камиссиюни ҳуқуқи башари СММ мақомоти Афғонистонро танқид кард, ки дар роҳи таҳияи нақшаи муҷозоти омилони нақзи ҳуқуқи башар дар тӯли беш аз 20 соли даргириҳои дохилии ин кишвар таъхир мекунанд. Хонум Луи Арбор дар фарҷоми сафари шашрӯзаи худ ба Афғонистон гуфт, ки вай инчунин аз раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай тақозо кардааст, ки ҳукми маргро бекор кунад. Дар айни замон, вай аз мизони изтиробовари қурбониҳои амалиёти нирӯҳои НАТО дар Афғонистон соли ҷорӣ изҳори нигаронӣ карда аз нирӯҳои байналмилалӣ даъват кард, ки ҷубронпулии ин қурбониҳоро ба хонаводаҳояшон пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG