Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Косово масоили истиқлолиятро бо Аврупову ИМА ҳамоҳанг мекунад


Раҳбарони албанитабори вилояти ҷудоихоҳи Косово гуфтанд, ки масоили марбут ба истиқлолияти ин минтақаро аз ҳайъати Сербистон бо ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамоҳанг хоҳанд кард. Рӯзи душанбе вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар муроҷиат ба раҳбарони албанитабори Косово даъват карданд, ки дар сурати набуди тавофуқе дар заминаи таъйини сарнавишти ояндаи Косово то таърихи 10 декабр, барои эълони истиқлолияти вилояти худ шитоб накунанд. Дар ин рӯз миёнҷиҳои байналмилалӣ бояд роҷеъ ба вазъи ин вилоят ба СММ гузориш диҳанд. Аксарияти албанитабори Косово ҷонибдори истиқлолият ҳастанд, дар ҳоле, ки Сербистон инро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG