Пайвандҳои дастрасӣ

27 ноябр - рӯзи конфронси сулҳи Ховари Миёна


ИМА расман таърихи 27 ноябрро чун рӯзи баргузории конфронси Ховари Миёна эълон кард. Ин нишаст бо ташаббуси Амрико дар Академияи баҳрии Аннаполиси аёлати Мериланд сешанбеи оянда баргузор мешавад. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки ҳадафи аслии ин нишаст роҳандозии музокирот ба самти ташкили давлати мустақили Фаластин мебошад. Барои ширкат дар ин ҳамоиш ҳудудан 50 кишвар, созмону афроди ҷудогона даъват шудаанд, дар миёни онҳо - Исроил, Фаластин, Сурия, Арабистони Саъудӣ, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо мебошанд.

XS
SM
MD
LG