Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини баландии сарбанди Сангтӯда-2


Сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, 556 метр аз сатҳи баҳр баланд сохта шуда ва баробар ба сарбанди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 хоҳад буд. Дар ин бора муҳандисони иронӣ хабар медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир барои анҷоми умури сохтмонӣ дар ин иншоот чаҳор ширкати иронӣ - «Маҳоб Қудс», «Умрон Моун», «Ҳадиш» ва «Собир» ва инчунин ширкати «Норакибозсоз»-и Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Гуфта мешавад, алъон корҳои бунёдӣ шиддат мегиранд. Тибқи қарордодҳои қаблӣ, Эрон бояд то соли 2012-ум бояд ин нерӯгоҳро мавриди истифода қарор диҳад, аммо ҷониби аз Эрон дархост кардааст, суръати сохтмонро афзун бикунад, то соли 2010-ум ин нерӯгоҳ ба кор андохта шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG