Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад


Имрӯз дар Душанбе якбора се намоишгоҳи байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ мекунад. Намоишгоҳи «Сохторҳои бунёдии Тоҷикистон-2007» барои дуввумин бор баргузор шуда, ҳадафаш ҷалби сармоя ва ширкатҳо, мусоидат ба рушди муносиботи иқтисодии байналмилалӣ, пешбурди барномаҳои давлатӣ дар соҳоти энержию нақлиёт ва саноеъи кӯҳии Тоҷикистон будааст. Намоишгоҳи дуввуми байналмилалии Душанбе марбут ба «Фанноварии мухобиротӣ, иттилоотӣ ва компутарӣ» мебошад.

Ва намошгоҳи сеюми ихтисосӣ «Саноеъи хӯрокворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон» унвон дошта, ширкатҳои байналмилалӣ имкон доранд, бозори дар ҳоли рушди истеҳсолии Тоҷикистон шинос шаванд. Дар ин намоишгоҳҳо 45 ширкат аз 14 кишвари ҷаҳон иштирок карда ва ба эътимоди ташкилкунандаҳо, наздики панҷ ҳазор нафар аз он дидан мекунад.

XS
SM
MD
LG