Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи сеюми мотами миллии Украина


Вазири ҳолатҳои изтирории Украина гуфт, ки шумори қурбониҳои таркиши кони ангишт дар вилояти Донетск ба 89 нафар расида, ин ҳодиса чун даҳшатноктарин фоҷеа дар таърихи Украинаи соҳибистиқлол арзёбӣ мешавад. Вазорат гуфтааст, ки 356 ангшинткан аз маҳалли кории худ ба ҷоҳои амн бурда шуда, 28 нафар дар шифохона таҳти муолиҷа қарор доранд. Феълан 12 ангишткан беному нишон маҳсуб мешаванд. Раиси ҷумҳурӣ Виктор Юшенко аз мақомот тақозо кард, ки барои мусоидат ба хонаводаҳои қурбониҳо ва мушаххас кардани сабабҳои фоҷеа кори бештаре анҷом диҳанд:

"Вазифаи аввалиндараҷа ин аст, ки ҳама талошро барои аз байн бурдани оқибатҳои ин садама равона кунем. Баъдан ҳама кӯшишҳоро барои наҷоти нафароне равона кунем, ки ҳоло дар касалхонаҳо ба сар мебаранд. Ва сеюм, бояд ҳар чи зудтар сабабҳои фалокатро мушаххас намоем".

Дирӯз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар як номае ба унвонии ҳамтои украиниаш Виктор Юшенко аз ҳодисаи таркиш ва ҳалокати инсонҳо изҳори таассуф кардааст. Оқои Раҳмон гуфт, ки ин ҳодиса мардуми Тоҷикистонро андӯҳгин кардааст.

Дирӯз дар рӯзи мотами миллии Украниа 17 қурбонии таркиш ба хок супурда шуданд. Имрӯз рӯзи сеюми азои саросарӣ дар Украина мебошад.
XS
SM
MD
LG