Пайвандҳои дастрасӣ

Бо кумаки молии сафорати Амрико дар маркази водии Рашт - шахраки Ғарм барои кӯдакони болаёқати хонаводаҳои камбизоат як бахши омӯзиши забони инглисӣ кушода шуд.

Шарбат Сафаров, яке аз масъулини ин маркази омӯзишӣ, гуфт, алакай 30 нафар атфоли болаёқат аз хонаводаҳои нодор дар натиҷаи ба даст овардани ғолибият дар озмун қабул карда шудаанд ва онҳо тайи ду сол забони англисиро аз устодони варзида хоҳанд омухт.

Вай афзуд, сафорати Амрико ин мактаби навро бо маводи лозимаи таҳсил, китобу дафтар ва дастгоҳҳои сабт таъмин кардааст ва ҳамзамон харҷи роҳкирои муҳассилин аз деҳоти дур аз марказро бар уҳда гирифтааст. Ба гуфтаи вай, дарсҳои инглисӣ дар ду баст ҳамчун илова ба дарсҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сурат мегирад ва шогирдон ҳамчунин бо хуроки нисфирузӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи коргузори шуъбаи маъорифи ноҳияи Рашт Маҳмадсаид Сабуров, таълими забони инглисӣ дар макотиби ҳамагонии минтақа ба талабот ҷавобгӯ нест. Зеро, ӯ мегуяд, танҳо дар як ноҳияи Рашт дар 69 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва миёна ҳамагӣ 26 нафар устодони ин фан кор мекунанд, ки на ҳама маълумоти олӣ доштаанд.

Ҳамзамон коршиносони маҳаллӣ мегуянд, аксарияти устодони забони инглисии мактабҳои миёнаи водӣ бо сабаби кам будани маош ва мушкилоти иқтисодӣ ё дар созмонҳои байнулмилалӣ ба кор машғуланд, ё дар кишварҳои хориҷӣ мардикорӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG