Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиъати дубораи Ҳизби комунист ба раисҷумҳур


Раёсати Ҳизби комунисти Тоҷикистон рӯзи сешанбе барои дуввумин бор аз раисҷумҳури Тоҷикистон тақозо кард, ки муҷассамаи Ленин, пешвои комунистон, ба феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ ворид ва аз боғи марказии пойтахт ба назди бинои бошишгоҳи Ҳизби комунист, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе, интиқол дода шавад.

Бино ба иттилоъи раёсати ҲКТ, солҳои ахир нуфузу обрӯи ин ҳизб дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеъа ба маротиб боло рафтааст ва тайи 2-3 соли ахир теъдоди зиёди ҷавонони аз 18 то 25-солаи тоҷик бидуни ҳеҷ як таблиғоти ҳизб хостори пайвастан ба ин ҳизб шудаанд.

Аммо коршиносони масоили сиёсӣ бар инанд, ки яке аз омилҳои рӯ овардани насли ҷавони кишвар ба Ҳизби комунисти Тоҷикистон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеъа мебошад, ки хеле ба кундӣ пеш меравад ва боиси дилсардиву ноумедии мардуми кишвар мегардад.

Ба кавли коршиносон Хизби Комунисти Точикистон дар ҳоли ҳозир дар баробари ҳукумати кишвар мавқеъи дӯстона дошта, ҳузури равшан дар ҷомеъа надорад.

XS
SM
MD
LG