Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқе, ки дар роҳ гум мешавад


Раисҷумҳури Тоҷикистон бо нигаронӣ ба мушкили дастрасии сокинон ба нирӯи барқ аз мақомоти вазорати энержии кишвар тақозо кардааст, ки меъёри интиқоли нирӯи барқ ба мардумро як соат афзоиш диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз якуми октябри соли ҷорӣ барқ ба ҳама манотиқи кишвар, ило пойтахт бар тибқи реҷаи муайянкардаи ҳукумати кишвар интиқол мешавад.

Ба гуфтаи Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», феълан ин ширкат, ба кадом як манобеъи дигари барқ дастрасӣ пайдо накардааст. Ва дастури раисҷумҳур дар мавриди афзоиши интиқоли барқ то ба як соати дигар дар ҳоле амалӣ мешавад, ки интиқоли барқ ба бархе аз корхонаву муассисот коҳиш дода мешавад ва ё комилан қатъ мегардад.

Ба гуфтаи оқои Гулов, ин ҳам дар ҳолест, ки Қирғизистон имкони фуруши барқ ба Тоҷикистон дар фасли сарморо надорад, ҳамчунин, масъалаи интиқоли барқи Туркманистон ба кишвар, бо иллати мушкилоти фаннӣ ҳанӯз зери суол қарор дорад ва танҳо Ӯзбакистон аз моҳи январи соли 2008 интиқоли барқи худ ба Тоҷикистонро шурӯъ хоҳад кард.

Аммо ин дар ҳолест, ки дар бархе аз навоҳии кишвар меъёри муайяншудаи интиқоли барқ риоят намешавад, ва сокинон бар ивази панҷ соат танҳо як ё ду соат ба барқ дастрасӣ доранд. Муҳаммадалӣ Саидов, як сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, таи ду ҳафтаи ахир меъёри интиқоли барқ аз сӯи мақомоти шабакаҳои барқи ноҳия ба сокинон хеле коҳиш дода шудааст.

Аммо мақомоти шабакаҳои барқи ин ноҳия мегӯянд, дар коҳиши реҷаи интиқоли барқ ба сокинон дар чанд рӯзи ахир онҳо масъул нестанд. Раҳим Каримов, раиси шабакаҳои барқи ноҳияи Фархор гуфт, интиқоли барқ дар ин авохир мустақим аз нирӯгоҳҳо қатъ мешудааст.

Дар навоҳии дигари манотиқи кишвар низ дар ин чанд рӯзи ахир меъёри интиқол барқ коҳиш ёфтааст ва сокинон дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои «Озодӣ» таъкид мекарданд, ки масъулияти коҳиш додани интиқоли барқ бар дӯши масъулини шабаҳои барқи минтақаист. Зеро, ба гуфтаи онҳо, масъулини шабакаҳои барқ дар ноҳияҳо меъёри барои як моҳ муайяншударо бо интиқоли барзиёд ба корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла корхонаҳои тавлиди орду равған истифода бурда ва дар ниҳоят меъёри интиқоли барқ ба мардумро коҳиш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG