Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯдакони бемактаб ва сарбоз


На ҳама кӯдакони Афғонистон чун ин бачаҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

На ҳама кӯдакони Афғонистон чун ин бачаҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ навиштааст, дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупои Марказиву Шарқӣ ҳамасола беш аз 14 миллиён кӯдак бидуни гирифтани маълумоти миёнаи мактабӣ ба воя мерасанд.

Тибқи гузориши ЮНИСЕФ, фарогирии кӯдакон ба синфҳои болии мактаб дар кишварҳои камбизоат, ба мисли Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Молдова, камтар аз 50 ва ё 30 дарсадро ташкил медиҳад. Бино ба иттилоъи ЮНИСЕФ, дар ҳамаи кишварҳо, ба ҷуз аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркия ва Озарбойҷон, шумори духтарони муҳассил назар ба писарон бештар будааст. Дигар оморе, ки ЮНИСЕФ роҷеъ ба вазъи кӯдакон нашр кардааст, ин аст, ки марги кӯдакони то синни 5-сола дар ҷаҳон дар қиёс бо соли 1990 то 23 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бунёди наҷоти кӯдакони Бритониё дар як гузориши ахири худ гуфтааст, 94 дарсади маргу мири кӯдакон ба 60 кишвари дар ҳоли рушд рост меояд. Тибқи ин гузориш, дар Ироқ дар қиёс бо соли 1990 мизони маргу мири кӯдакон 150 дарсад афзоиш ёфтааст. Коҳиши марги кӯдакон дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Аврупои Марказиву Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назаррас будааст.

Юнисеф ҳамчунин доир ба падидаи дигар - кӯдакони сарбоз гузориш дода ва мегӯяд дар ҷаҳон 250 ҳазор нафар кӯдаконро ҳамчун сарбоз дар артиш ва ҷангу низоъҳо истифода мекунанд. Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, дар ин кишвар то ҳанӯз кӯдакон ба ҳайси сарбоз аз ҷониби толибон истифода мешаванд. Коршиносон мегӯянд, дар Ироқ низ аз нерӯи кӯдакон дар ҷанг истифода мешавад, аммо мавҷудияти хушунати густурда дар ин кишвар муаяйн кардани теъдоди аслии чунин кӯдаконро имконнопазир мегардонад.

Дигар ниҳоди байналмилалӣ - Созмони ҷаҳонии кор низ аз мушкилоти кӯдакони дунё ҳарф зада ва гуфтааст, 70 дарсади кӯдакони коргар дар тамоми ҷаҳон ба корҳои сахти кишоварзӣ ҷалб мешаванд. Дар яке аз гузоришҳои ин созмон омадааст, ки беш аз 100 миллиён духтарон ва писарони аз 5 то 14-сола дар саҳро бо кори сиёҳ машғуланд.

XS
SM
MD
LG