Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди эътирозгарон дар Фаронса афзоиш ёфт


Имрӯз ба коршикании кормандони соҳаи нақлиёти Фаронса донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатӣ ҳамроҳ шуданд. Омӯзгорон, табибон, кормандони почта ва дигарон алайҳи коҳиши моҳона ва ихтисори ҷойҳои кор эътироз мекунанд. Донишҷӯён аз тарҳи ба ихтиёри донишгоҳҳо гузоштани мустақилияти бештар ва коҳиши сармоягузорӣ аз сӯи ҳукумат норозиянд.

Бар асари коршиканӣ дар бахши нақлиёт Фаронса ҳамарӯза ҳадди аққал 300 миллион евро зарар мебинад ва аммо ҳукумат аз гӯш додан ба ҳарфи эътирозгарон сарпечӣ мекунад. Кормандони нақлиёт як ҳафта пеш, баъди он даст ба коршиниканӣ заданд, ки раиси ҷумҳур Николя Саркозӣ, дар чаҳорчӯби ислоҳот дар бахши нафақа, имтиёзҳои онҳоро лағв кард.

XS
SM
MD
LG