Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амнияти миллӣ дар доираи қонунҳои байналмилалӣ


Ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои минтақа ва ҳамзамон, ҳифзи арзиш ва амнияти миллӣ дар қонунҳо дар ин раванд дар Душанбе баррасӣ шуд.

Ин масоил дар як нишасте таҳти унвони «Низоми ҳуқуқии амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақаӣ» дар Академияи улуми Тоҷикистон бо ширкати коршиносон ва ҳуқуқшиносон баррасӣ шуд.

Бештари коршиносон бар ин нукта таъкид карданд, ки дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ, ҳамсон ва наздик кардани қавонини кишварҳои минтақа як амри табиист, вале аз тарафи дигар, қонуни кишварҳо бояд тавре таҳия ва қабул шавад, ки дар он манофеъи миллӣ ва мустақилияти давлат ҳифз шавад.

Ҳамсон ва наздик кардани қавонини кишварҳои минтақа дар таъмини амният ва манофеъи миллӣ дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ аз аҳдофи аслии ин нишаст унвон шуд.

Шавкат Исмоилов - яке аз ҳуқуқдонони тоҷик ва узви порлумони пешини Тоҷикистон, ки дар таҳияи бархе аз қонунҳои ин кишвар аз ҷумла Қонуни асосии он ширкат доштааст, гуфт, ба маҳзи тафовут ва адами ҳамоҳангии меъёрҳои қавонин миёни кишварҳо дар густураи шӯравии пешин давлатҳо натавонистаанд, дар роҳи ҳамгироӣ ва рушди иқтисодӣ ба пешрафт ноил шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар ҳама арсаҳои зиндагӣ асароти худро боқӣ мегузорад ва ин масъулияти давлатҳост, ки манофеъ ва амнияти миллиро дар ростои ин раванд муайян кунанд.

Ҳамзамон, бо ҳамсон ва наздик кардани меъёрҳо ва қавонин бо шароити ҷаҳонишавӣ, ки заминаро барои тараққиёт мусоид хоҳад кард, ҳукумат ва порлумон бояд дар таҳияи қавонин арзиш ва анъаноти миллиро ба хотири ҳифз ва таъмини истиқлолияти давлат дар ҷойи аввал гузорад. Ба эътиқоди Ашӯрбой Имомов - аз ҳуқуқдонони бо таҷриба ва раиси собиқи додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, гоҳо дар кишвар мавориде низ воқеъ афтодааст, ки бо ҳидояти созмонҳои, барои мисол, молии байналмилалӣ, асноде ба тасвиб расидааст, ки на ҳама вақт барои беҳбуди вазъ кӯмак кардааст.

Аз сӯи дигар, афзуд оқои Имомов, гоҳо дар Тоҷикистон қонунҳое аз сӯи порлумон ба тасвиб мерасанд, ки бо мавозини байналмилалӣ, меъёр ва таъомули башарӣ мухолифат доранд.

Фозил Тоҳиров - доктори улуми ҳуқуқшиносӣ ва яке дигар аз ширкатдорони ин нишаст гуфт, давлат ба ҳангоми таъйиди ин ва ё он санад ва созишномаи байналмилалӣ бояд ба он нуктаҳо бештар таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки дар иҷрои он то куҷо тавон ва имкон дорад. Зеро дар сурати имзо кардани асноди байналмилалӣ аз як сӯ татбиқ ва риояти он барои давлат ҳатмӣ хоҳад буд, аз сӯи дигар, қонунҳои кишварро мебояд бо он мутобиқ кард.

Ба ин тартиб, бештари ширкатдорони нишаст сари ин ақида, ки истифодаи падидаҳои мусбат ва дастовардҳои ҷаҳонишавӣ дар қонунгузории кишварҳои минтақа муфид тамом хоҳад шуд, ваҳдати назар доштанд, вале ҳамзамон ин нукта таъкид шуд, ки дар таҳия ва тасвиби қавонин инъикоси арзиш ва вижагиҳои миллӣ барои амнияти миллӣ ва ҳифзи мустақилияти давлат ногузир мебошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG