Пайвандҳои дастрасӣ

Авомили маргумири навзодону кӯдакон дар Тоҷикистон


Нишондиҳандаҳои сатҳи маргумири кӯдакону навзодони Тоҷикистон дар оморҳои ахири расмии давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ фарқи зиёд мекунанд.

Ба қавли Собир Қурбонов, танзимгари барномаҳои беҳдоштии ЮНИСЕФ, дар Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи сиҳҳати модару кӯдак тағйироти мусбате мушоҳида гардид. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки, агар дар соли 2000-ум ба таҳқиқоти ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ 126 нафар ба ҳар 1000 навзод рост меомад, пас дар соли 2005-ум сатҳимаргу мири кӯдакони навзод дар Тоҷикистон ба 65 аз ҳар ҳазор нафар фаромадааст.

«Ин нишондиҳандаҳо дар дигар кишварҳои Осиёи марказӣ низ ҳамчунин баланд аст, вале омори расмии ин кишварҳо ҳамоно аз ин нишондиҳандаҳо фарқ мекунанд», - изҳор дошт Шамсиддин Қурбонов, сардори шуъбаи ташкили хадамоти тиббӣ ба модарону кӯдакон ва сиҳҳати Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилоъи ӯ, масалан, тибқи омори расмӣ, сатҳи марги кӯдакон дар Узбакистон 30 нафар ба сари ҳар 1000 навзод аст, ҳарчанд таҳқиқоти байнулмилалӣ ин шумораро 49 нафар арзёбӣ мекунанд. Дар Туркманистон ин нишондод 33 ва 74 аст.

Дар ҳамин ҳол Ш. Қурбонов ишора кард, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин нишондиҳандаи расмӣ мавҷуд аст, ки 17 аз 1 000 аст, ки аз нишондиҳандаи байнулмилалӣ 48-то камтар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои марги кӯдакони навзод дониши номукаммали волидайн оид ба нигоҳубиниатфол мебошад. «Волидайн дар бисёре аз маворид танҳо дар замоне сурат мегирад, ки дигар, ба қавле, кор аз кор гузаштаасту тибб ҳам дигар наметавонад кумаке кунад», - таъкид намуд мутахассис. Ӯ аз ВАО тақозо кард, ки дар баланд бардоштани маърифати волидайн дар ин мавзӯъ мусоъидат намоянд ва илова кард, ки «дар ин ҳолат мо метавонем натоиҷи лозимаро ба даст орем».

Ба бовари ин мутахассис, бояд натанҳо ин масъаларо аз зовияи манфии он, балки муҳим аст, ки кори мусбати анҷомдодаи вазорат дар ин росторо низ нишон дод.

Дар фарҷоми суҳбат ӯ таъкид кард, ки «Танҳо бо як дахолати вазорати тандурустӣ намешавад бо ин масъала муборизаи муассир бурд – дар ин кор бояд ҳама сохторҳои соҳаи тибб, инчунин ҳукумат ва ВАО сафарбар шаванд.

Дар ҳамин ҳол бо сабабҳо ва авомили гуногун маблағҳои ба ҳалли масъалаи марги кӯдакон равонашаванда ҳамоно хеле ночиз боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG