Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мурофиаи яке аз сарони "кхмерҳои сурх"


Дар Пномпен - пойтахти Камбоҷа, дар додгоҳи низомии вижаи Созмони Милали Муттаҳид мурофиаи Кан Кек Ию, яке аз раҳбарони “кхмерҳои сурх” шурӯъ шуд. Ин додгоҳ ҷиноёти “кхмерҳои сурх” дар соли 70 –уми қарни гузаштаро бозрасӣ мекунад. Кан Кек Ию раиси бузургтарин ва мудҳиштарин зиндони Пномпен буд. Дар ин зиндон 16 ҳазор сокинони кишвар, аз ҷумла, занону кудакон мавриди шиканҷаи пайваста қарор гирифта баъдан ба қатл мерасиданд. Гуфта мешавад, ки аз ин "дузах" ҳамагӣ 14 нафар ҷон ба саломат бурдаанд.

Тайи чаҳор соли сари қудрат будани “кхмерҳои сурх” дар Камбоҷа бар асари шиканҷа, гуруснагӣ ва кори тоқатфарсо тақрибан 2 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG