Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи интихобот дар Покистон мушаххас шуд


Қозӣ Муҳаммад Фаррух, раиси Комиссиюни Марказии интихоботии Покистон имрӯз тайид кард, ки интихоботи сартосарӣ дар кишвар рӯзи 8 январи соли 2008-ум доир мешавад. Ӯ афзуд, ки ин рӯз бо тавсияи раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф муқаррар шудааст. Ва аммо то ҳанӯз рушан нест, ки то рӯзи интихобот вазъи изтирорӣ дар Покистон аз байн бардошта мешавад ё не. Дар посух ба даъватҳои боисрори Иёлоти Муттаҳида Парвиз Мушарраф гуфт, ки вазъи изтирорӣ фақат баъд аз эътидоли авзоъ дар Покистон лағв хоҳад шуд.

Шаби гузашта мақомоти Покистон садҳо фаъолони мухолифинро аз маҳбас раҳо карданд. Ва аммо ҳазорҳо нафари дигар то ҳол дар зиндону боздоштгоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG