Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко дар Укроин рӯзи мотами миллӣ эълон кард


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар кони ангишти ба номи Засядко, воқеъ дар вилояти Донетски Укроин ба 88 нафар расид. Сарнавишти 12 ангишткани дигар то ҳол маълум нест. Ба иттилоъи расмӣ, 30 ангишткан, ки аз гази метан заҳролуд шуда ваё аз инфиҷор осеб дидаанд, таҳти назорати табибон қарор доранд.

Имрӯз дар Донетск маросими видоъ бо аввалин қурбониёни фоҷиа доир мешавад. Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко ба хотири қурбониёни фоҷиа 20 ноябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нома унвонии Виктор Юшенко аз ин фоҷиа изҳори таассуф ва ба наздикони қурбониён изори тасаллият кардааст.

XS
SM
MD
LG