Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди Клинтон ва мубориза алайҳи AIDS / HIV


Марио Р. Капеччӣ (ИМА), барандаи имсолаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибб

Марио Р. Капеччӣ (ИМА), барандаи имсолаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибб

"Бо талоши баъзе созмонҳои ғайридавлатӣ, ба монанди Бунёди Клинтон, ҳоло тақрибан дар 70 кишвар қимати табобати вируси HIV бо истифода аз се дору ба сеяки қиматаш коҳиш ёфтааст".

Чунин навиштааст дар матлабаш дар маҷалаи “Ню Ингланд Ҷорнал оф Медисин” доктор Роберт Штейнбрук аз донишгоҳи тиббии Дортмунд.

Р. Штейнбрук, аз ҷумла, менависад, ки яке аз роҳҳои афзоиши таъмини дорувории арзон барои табобати дигар бемориҳои шадид ин бархӯрдест, ки Бунёди Клинтон бо тавлидкунандагони доруҳои AIDS ё СПИД мекунад.

Ин бунёд кишварҳои зиёдро водор кардааст, ки розӣ шаванд миқдори бузурги доруҳои муайяни зидди вируси HIV-ро харидорӣ кунанд, то корхонаи тавлидкунанда имкон пайдо кунад нархи онро коҳиш диҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, бино ба низоми кунунии муолиҷа, гирифторони бемориҳои шадид дар ҷаҳон, аксар вақт, ба тарзи кофӣ бо доруҳои арзон таъмин намешаванд. Ва дар натиҷа, маризон бо як “гардиши бадсирате” рӯбарӯ мешаванд, ки доимо ё дар бемористон бистарианд ва ё аз бемористон ба манзил бармегарданд.

Доктор Штейнбрук дар ин робита мегӯяд: “Баъзеҳо доруҳоро номуназзам истеъмол мекунанд, ва ин низоми маризоне нодорест, ки наметавонанд дорувориро дар вақти зарурӣ харидорӣ кунанд. Онҳо илоҷ надоранд ва доруро танҳо замоне ки онҳо маблағи лозимӣ пайдо кунанд, истеъмол мекунанд ё дар ҳоле ки маризӣ сахт азияташон медиҳад ва онҳо дигар роҳ надоранд. Масалан, агар онҳо сактаи дил шудаанд ё бо сабаби бадшавии вазъи бемории қандашон бистарӣ шудаанд. Аммо вақте ки онҳо худро беҳтар ҳис мекунанд ва маблағи зарурӣ дар ихтиёрашон нест, онҳо маҷбуранд аз харидани дору сарфи назар кунанд, ва чунин раванд ба “гардиши бадсират” хоҳад овард”.

Тибқи омори Созмони байнулмилалии беҳдошт, дар саросари ҷаҳон аз ду сеяки тамоми қурбониҳоро мубталоёни маризиҳои шадид ташкил медиҳанд. Мутахассисон бар ин назаранд, ки, агар маризон ба доруҳои зиёд бо нархи арзон дастрасӣ пайдо мекардаанд, қисми зиёди маргҳоро пешгирӣ кардан мумкин буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар баъзе кишварҳо ҳама маводди зарурии доруворро пайдо кардан мумкин асту дар дигар кишварҳо чунин имконият вуҷуд надорад.

Роберт Штейнбрук сабаби аслии чунин вазъро дар бюрократияи шадид мебинад. Ба бовари ӯ, кашол додани вақти судури иҷозатномаҳои тавлид ва фурӯш ва дигар мониъаҳо тавлидкунандагони доруро дилсард мекунанд ва онҳо дигар имкони дар ин бозор арзон ба фурӯхтани доруро пайдо намекунанд. Масалан, дар Тоҷикистон, тибқи гузориши соли 2006-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт, муолиҷаи HIV комилан берун аз имкониятҳои маризон будааст, чунки бо маъоши чандмоҳаи ҳаддиақалли сокинони ин кишвар баробар мешавад.

Дар ҳақиқат, нархи доруҳои зиёд дар Тоҷикистон ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонианд, аммо маъош то дараҷаеро паст аст, ки харидории доруҳои маъмулиро ғайриимкон мекунад.

Оқои Штейнбрук мегӯяд, бисёр кишварҳои қашшоқ аҳолиро аз тариқи бемористонҳои давлатӣ бо доруҳои ройгон таъмин мекунанд. Аммо дар ин сурат, мегӯяд вай, мушкили нарасидани дорувор метавонад пеш ояд. Тибқи гузориши соли 2006-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Қазақистон, ду намуди ингалятори зидди марази диққи нафас дар муқоиса бо Арманистон арзонтар аст, ҳарчанд ин доруворро танҳо дар 25-35 дарсади дорухонаҳо метавон пайдо кард. Дар Арманистон нархи он гаронтар буд, аммо дар 90 дарсади дорухонаҳо фурӯхта мешуд.

Дар ҳамин ҳол раванди коҳиши арзиши давоҳои зидди вируси заъфи масунияти бадан AIDS (СПИД) босуръат набудааст. Ва аммо баъди дахолати фаъолонаи раисиҷумҳурии собиқи Амрико ин масъала то андозае ҳал шудааст. Ба ақидаи Штейнбрук, бозори байнулмилалии доруҳо хеле печида аст ва барои таъмини аҳолӣ бо доруи арзон мутаассифона интихоби зиёд вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG