Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиш дар Конибодом


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба мавзӯъи вазъи варзиш дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бахшида шудааст.

Дилшод Шодиев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Дар Конибодом айни ҳол як мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият мекунад. Дар ин мактаб мураббиён ба шогирдони худ нозукиҳои 6 навъи варзиш – бокс, волейбол, гуштии озод, каратэ, тенниси рӯи миз ва футболро меомӯзонанд. Дар шаҳр ду варзишгоҳ мавҷуд аст, ки дар онҳо мусобиқоти шаҳриву вилоятӣ баргузор мешавад. Варзишгарони мо, ба мисли каратэчӣ Фотима Боирова, муштзан Диловар Шерматов, гуштигирон Алӣ Шарифов ва Хуршед Мирзоев ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтаанд.

Вале барои рушди варзиш дар шаҳру деҳоти Конибодом мо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Вазъи бисёр толорҳои варзишӣ хароб аст. Дар мактаби варзишӣ мураббиён ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ намерасанд. Ба иллати камбуди маблағ варзишгарони мо имкони дар бисёр мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат карданро надоранд.»

Бишнавед

XS
SM
MD
LG