Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эродҳои журналистон ба Қонуни матбуоти Тоҷикистон


Як гурӯҳи корӣ беш аз 80 эроду пешниҳодоти худро ҷиҳати такмили матни Қонуни матбуот ироа кард ва гуфт, 8 моддаи ин қонун ба ислоҳот ниёз дорад.

Ин гурӯҳ, ки аз тарафи созмонҳои хабарии Тоҷикистон ҷиҳати ворид кардани ислоҳот ба Қонуни матбуот ва васоити ахбори омма таъсис ёфта буд, марҳалаи аввали кори худро ба итмом расонд.

Дар нишасти матбуотии ин гурӯҳ, бори дигар бар зарурати ислоҳоти ҳатмии Қонуни матбуот ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таъкид шуд.

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки ба унвони ҳамоҳангсози гурӯҳи кории мазкур сӯҳбат мекард, гуфт, яке аз пешниҳодоти умдаи гурӯҳи корӣ ба моддаи шашуми ин қонун иртибот дорад. Зеро дар он меъёри баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон, ки қонуни асосии кишвар онро кафолат медиҳад, нақз шудааст. Аз сӯи дигар, мафҳумҳое назири таҳқири шахсияти президент бояд мушаххас ва возеҳ карда шавад.

Яке дигар аз пешниҳодоти гурӯҳи корӣ ба мушаххас кардани мафҳуми интернет ва манобеъи интернетӣ дар қонуни матбуот иртибот доштааст. Оқои Қаршибоев гуфт, дар қонуни ҷории матбуот ин мафҳум мушаххас ва дақиқ карда нашудааст. Вай афзуд, гурӯҳи корӣ пешниҳод мекунад, ки дар матни қонун бояд ҷойи ин мафҳум ибораи нашрияи интернетӣ зикр ёбад.

Дар асоси пешниҳоди дигари гурӯҳи корӣ, теъдоди нусхаи нашрия ё маҷаллаи ғайрирасмии чопӣ аз сад то панҷсад адад афзоиш хоҳад ёфт.

Нуриддин Қаршибоев гуфт, дар қонуни амалкунандаи матбуоти кишвар барои фаъолияти озоди намояндагиҳои расонаҳои хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон бархе аз маҳдудиятҳо ҷой дорад ва яке дигар аз пешниҳодоти гурӯҳи корӣ ба манзури аз байн бурдани ҳамин маҳдудият омода шудааст.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, гурӯҳи корӣ рӯи боз 14 пешниҳоди дигари воридшуда баҳсу баррасиро идома медиҳад, зеро то ҳамин ҳоло дар мавриди ин пешниҳодот як хулосаи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Гурӯҳи кории мазкур аз шумори намояндагони Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттифоқи рӯзноманигорон, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Медиа - Алянс, Анҷумани расонаҳои электронӣ, Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва қонунияти Тоҷкистон таркиб ёфтааст.

Нуриддин Қаршибоев гуфт, дар марҳалаи дуввуми кор гурӯҳи корӣ якҷо бо намояндагони ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Намояндагон пешниҳодоти воридшударо бори дигар мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод ва баъди анҷоми он нусхаи ниҳоии тағйиру иловаҳо ба Қонуни матбуот ва васоити ахбори омма ба ҳукумат ва порлумони кишвар ироа хоҳанд шуд.

Қонуни матбуот ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар соли 1990 дар замоне, ки ин кишвар яке аз ҷамоҳири шӯравии собиқ буд, қабул шуда ва то соли 2002 чаҳор маротиба ислоҳ шудааст. Аммо дар ҳар мавриди ислоҳшуда, ба эътиқоди коршиносон, ин қонун маҳдудият ва мавонеъро дар роҳи озодии сухан ва рушди матбуоти мустақил бештар кардааст.

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ислоҳи ин қонун мутобиқ кардани он бо меъёрҳои байналмилалӣ ва фароҳам кардани шароит барои фаъолияти озоди матбуоти мустақил дар кишвар мебошад.

Аммо ин ҳадаф дар сурате амалӣ хоҳад шуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз сӯи ҳукумат ва порлумон дастгирӣ шавад. Зеро танҳо порлумон ва ҳукумат дар Тоҷикистон ин ҳуқуқро доранд, ки ба қонун ислоҳ ворид кунанд.

XS
SM
MD
LG