Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти Д. Исмоиловаро додгоҳи Душанбе баррасӣ мекунад


Қарор аст имрӯз соати 10-и саҳар Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти донишҷӯ Давлатмоҳ Исмоиловаро аз рӯйи ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ кунад. Охири моҳи майи соли ҷорӣ донишҷӯ Давлатмоҳ Исмоилова ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз болои амри Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишкадаи забонҳо шикоят бурда гуфтааст, ки манъи ҳузури ӯ ба донишгоҳ бо ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ ғайриқонунӣ аст. Дар даври аввали муҳокимаҳои додгоҳӣ даъвои ӯ қонеъ карда нашуд. Ҳоло Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи ин донишҷӯи ҳиҷобпӯш мегӯяд, ҳарчанд итминон дорад, ки бино ба номустақилии додгоҳҳои Тоҷикистон, муборизаҳои дигари додгоҳӣ барои барқарор кардани ҳаққи хонум Исмоилова ба таҳсил бо пӯшиши рӯсарӣ бемуваффақият анҷом хоҳад ёфт, аммо онҳо аз муборизаи оянда даст нахоҳанд кашид. Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судури як амр 31 марти соли ҷорӣ ҳузури донишҷӯёну мактабиёнро ба мактабҳо бо либоси мазҳабӣ ва нимаурёни аврупоӣ манъ карда гуфтааст, ки муҳассилини саркаш барои чунин рафторашон аз мактаб хориҷ мешаванд. Вазорати маориф ва дигар мақомоти Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳои пуштибон аз донишҷӯи ҳиҷобпӯшро дар он муттаҳам карданд, ки талош доранд ба ин қазия ранги сиёсӣ диҳанд. Ва имрӯз ниҳоятан додгоҳи зинаи болоӣ, яъне додгоҳи шаҳри Душанбе эҳтимол ба ин ҳама баҳсҳо нуктаи таммат хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG