Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико дар муқобила бо Толибон дар марзи Покистон


Низомиёни ИМА гуфтанд, барномаи тамрин ва мусаллаҳсозии нирӯҳои ниманизомиеро ба роҳ мондаанд, ки дар манотиқи қабиланишини воқеъ дар марзи Покистону Афғонистон зидди ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида мубориза мебаранд. Ҷефф Моррелл, сухангӯи Пентагон гуфт, ки нақшаи мазкур таъсиси як маркази тамринӣ ва чанд нуқтаи назорати муштараки марзиро ҳамроҳ бо артиши Афғонистон дар назар мегирад. Вай афзуд, ки нақшаи мазкур дар назар дорад, ки ниманизомиён аз ҷониби артиши ИМА тамрин мебинанд. Сухангӯи Пентагон гуфт, ки ҳукумати Покистон аз ин нақша пурра ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG